Айюб 27:1-23

  • Айюб азми қавӣ дорад, ки то охир беайб монад (1–23)

    • «Аз беайбиям даст намекашам» (5)

    • Худобехабар умеде надорад (8)

    • «Чаро суханонатон хушку холиянд?» (12)

    • Бадкор оянда надорад (13–23)

27  Айюб суханонашро* давом дода гуфт:   «Қасам ба номи Парвардигоре, ки бо ман аз рӯйи адлу инсоф амал накардааст,+Ба номи Худои Тавоное*, ки ҷонамро талх кардааст,+   То даме ки ҷон дар тан дорамВа дами Худо дар биниам аст,+   Лабонам суханони ноҳақ намегӯяндВа забонам дурӯғ намебофад!   Ҳаргиз шуморо росткор наменомам! То дами марг аз беайбиям даст намекашам*!+   Росткориямро нигоҳ медорам ва ҳеҷ гоҳ онро сар намедиҳам.+ То даме ки зиндаам*, дилам маро айбдор намекунад.   Бигзор душманам мисли бадкор ҷазо ёбадВа касоне, ки ба ман ҳамла меоранд, чун ноинсофон.   Худобехабар чӣ умеде дорад, вақте ӯро нобуд месозанд+Ва, вақте Худо ҷонашро мегирад?   Вақте ба сараш балое меояд,Магар Худо фарёди ӯро мешунавад?+ 10  Магар ӯ дар Худои Тавоно хурсандӣ меёбад Ва оё доимо Худоро мехонад? 11  Аз қудрати Худо ба шумо ҳикоя мекунам*,Ҳеҷ чизро дар бораи Худои Тавоно пинҳон намесозам. 12  Агар ҳамаи шумо руъё дида бошед,Пас, чаро суханонатон хушку холиянд? 13  Ин аст насибаи бадкор аз ҷониби Худо+Ва мероси золимон аз Худои Тавоно. 14  Агар писаронаш сершумор гарданд, аз дами шамшер нобуд мешаванд+Ва наслаш аз нон сер намешавад. 15  Касоне, ки аз хонадони ӯ зинда монанд, гирифтори балое шуда зери хок мешаванд. Занонашон бева монда барои онҳо мотам намегиранд. 16  Ҳатто агар нуқраро мисли хок бебаркаш захира кунадВа либосҳои қиматбаҳоро мисли гил беҳисоб ҷамъ орад, 17  Либосеро, ки ӯ ҷамъ кардааст, росткор мепӯшад+Ва нуқраеро, ки захира намудааст, беайбон байни ҳам тақсим мекунанд. 18  Хонае, ки ӯ месозад, мисли пиллаи куя ноустувор аст,Мисли хаскаппае,+ ки нигаҳбон барои худ сохтааст. 19  Вай сарватманд хоб меравад, вале чизеро ҷамъ намеорад. Вақте аз хоб мехезад, инак, ҳеҷ чиз надорад. 20  Тарсу ҳарос чун селоб ӯро фаро мегирадВа тӯфон шабона ӯро шуста мебарад.+ 21  Боди шарқӣ ӯро мебарад ва ӯ нобуд мешавад. Ӯро аз маконаш рӯфта мебарад.+ 22  Бод раҳму шафқат накарда ба ӯ ҳамла меорад+Ва ӯ ҷон канда аз дасти он халос ёфтанӣ мешавад.+ 23  Он ӯро масхара карда каф мезанадВа аз ҷояш ба вай ҳуштак мекашад*.+

Поварақҳо

Дар матни асл «масалашро».
Ё «Абарқудрате».
Ё «То дами марг беайбиямро аз худ дур намекунам»; «То дами марг беайб мемонам».
Ё «Барои ягон рӯзи ҳаётам».
Ё, эҳтимол, «Бо дасти Худо шуморо таълим медиҳам».
Ё, эҳтимол, «Онҳо ӯро масхара карда каф мезананд ва аз ҷойи худ ба вай ҳуштак мекашанд».