Матто 4:1-25

  • Иблис Исоро васваса мекунад (1–11)

  • Исо дар Ҷалил хизматашро сар мекунад (12–17)

  • Даъват кардани шогирдони аввалин (18–22)

  • Исо таълим медиҳад ва беморонро шифо мебахшад (23–25)

4  Баъди ин рӯҳи Худо Исоро ба биёбон бурд, ки он ҷо Иблис+ ӯро васваса кард.+  Исо 40 шабу 40 рӯз рӯза дошта гушна монд.  Он гоҳ Васвасакор+ омада, ба ӯ гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, ба ин сангҳо амр деҳ, ки нон шаванд».  Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст: “Одамизод бояд на танҳо бо нон зиндагӣ кунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд”».+  Сипас Иблис ӯро ба шаҳри муқаддас+ бурд ва бар девори* ибодатгоҳ гузошта,+  гуфт: «Агар писари Худо бошӣ, худатро ба поён парто, зеро навишта шудааст: “Ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш амр медиҳад” ва “онҳо туро рӯйи дастонашон мебардоранд, то поят ба санге назанад”».+  Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҳамчунин навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро наозмой”».+  Баъд аз ин Иблис ӯро бар кӯҳи хеле баланде бурд ва тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва бузургии онҳоро ба ӯ нишон дода,+  гуфт: «Ҳамаи ин чизҳоро ба ту медиҳам, агар як бор зону зада ба ман саҷда кунӣ». 10  Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз ман дур шав, эй Шайтон! Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст+ ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”».+ 11  Он вақт Иблис аз пеши Исо рафт+ ва фариштагон омада, ба ӯ хизмат карданд.+ 12  Вақте Исо шунид, ки Яҳёро дастгир карданд,+ ба Ҷалил+ равона шуд. 13  Сипас аз Носира баромада, ба Кафарнаҳум,+ ки дар назди баҳр, дар сарзамини Забулун ва Нафтолӣ ҷойгир аст, омад ва дар он ҷо сокин шуд, 14  то суханоне, ки ба воситаи пайғамбар Ишаъё гуфта шудаанд, иҷро гарданд: 15  «Эй замини Забулун ва Нафтолӣ, ки дар роҳи сӯйи баҳр, дар он тарафи Урдун, ҷойгирӣ! Эй Ҷалили халқҳо! 16  Мардуме, ки дар торикӣ мебошанд, рӯшноии бузургеро диданд ва бар касоне, ки дар сояи марг нишастаанд, нур+ дурахшид».+ 17  Аз он вақт сар карда Исо ба одамон эълон мекард: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст».+ 18  Лаб-лаби баҳри Ҷалил роҳ рафта, Исо ду бародари моҳигирро дид, ки ба баҳр тӯр меандохтанд:+ яке Шимъӯн, ки ҳамчунин Петрус+ меномандаш, ва дигаре Андриёс буд. 19  Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз паси ман биёед ва ман шуморо сайёди моҳӣ неву сайёди одамон мегардонам».+ 20  Онҳо ҳамон замон тӯрҳояшонро монда, ӯро пайравӣ карданд.+ 21  Аз он ҷо рафта, ӯ писарони Забдой — Яъқуб ва Юҳанноро,+ дид. Онҳо ҳамроҳи падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳояшонро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват намуд+ 22  ва онҳо дарҳол қаиқу падарашонро монда, аз пайи ӯ равона шуданд. 23  Сипас ӯ дар сар то сари Ҷалил гашта,+ дар ибодатхонаҳо+ таълим медод, хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо ба мардум мерасонд ва ҳар гуна дарду бемории одамонро шифо мебахшид.+ 24  Овозаи Исо дар тамоми Сурия паҳн шуд ва мардум онҳоеро, ки аз дарду касалиҳои гуногун азоб мекашиданд,+ аз он ҷумла онҳоеро, ки дар банди дев буданд,+ бемории саръ* доштанд+ ё шал буданд, ба наздаш меоварданд ва ӯ онҳоро шифо медод. 25  Дар натиҷа мардуми бисёре, ки аз Ҷалил, Декаполис*, Ерусалим, Яҳудия ва тарафи дигари Урдун буданд, аз пайи ӯ равона шуданд.

Поварақҳо

Писари Худо — ниг. ба луғат.
Ё «кунгураи».
Саръ — як навъ бемории асаб, ки сабаби кашиши рагу мушакҳо мешавад; эпилепсия.
Декаполис — ниг. ба луғат.