Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 1

Шоҳидони Яҳува чӣ гуна шахсонанд?

Шоҳидони Яҳува чӣ гуна шахсонанд?

Дания

Тайван

Венесуэла

Ҳиндустон

Чанд нафар Шоҳидони Яҳуваро шумо мешиносед? Баъзеи мо шояд ҳамсоя, ҳамкор ё ҳамсинфи шумо бошем? Ё худ шояд бо шумо дар бораи Китоби Муқаддас сӯҳбат кардаем. Дар асл мо кистем ва чаро дар бораи эътиқоди худ ба дигарон ошкоро нақл мекунем?

Мо одамони оддӣ ҳастем. Мо аз халқҳову миллатҳои гуногун мебошем ва дар вазъу шароитҳои ҳархела зиндагӣ дорем. Баъзе аз мо пеш динҳои гуногунро пайравӣ мекарданд, баъзеи дигар бошад, ба Худо тамоман имон надоштанд. Вале пеш аз Шоҳиди Яҳува шудан, ҳар яки мо вақт ҷудо карда таълимотҳои Китоби Муқаддасро бодиққат санҷида баромадем (Аъмол 17:11). Мо ба дуруст будани чизҳои фаҳмидаамон боварӣ ҳосил кардем ва баъд худамон хостем, ки Яҳува Худоро ибодат кунем.

Омӯзиши Китоби Муқаддас бар фоидаи мост. Мисли ҳамаи дигар одамон мо душвориҳо ва камбудиҳои худро дорем. Лекин принсипҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор бурда мо мебинем, ки ин ҳаёти моро хеле беҳтар мекунад (Забур 127:1, 2). Ин як сабабест, ки барои чӣ мо чизҳои хуби аз Китоби Муқаддас фаҳмидаамонро ба дигарон мегӯем.

Мо аз рӯи меъёрҳои Худо зиндагӣ мекунем. Ин меъёрҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд. Онҳо ба беҳбудии худи мо мусоидат мекунанд, моро бармеангезанд, ки дигаронро эҳтиром кунем ва ҳамчунин ростқавлу некӯкор бошем. Онҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки аъзоёни солимфикри ҷамъият бошем ва ба он фоида орем. Меъёрҳои Худо моро бармеангезанд, ки бо аъзоёни оилаамон аҳл бошем ва ахлоқи нек дошта бошем. Азбаски мо фаҳмидем, ки «Худо рӯйбинӣ надорад», байни мо ҷудоигариҳои милливу сиёсӣ дида намешавад. Мо як оилаи умумиҷаҳониро ташкил медиҳем, ки аз халқҳои гуногун иборат аст. Ҳарчанд мо дар алоҳидагӣ одамони оддием, дар якҷоягӣ як халқи бемислу монандеро ташкил медиҳем (Аъмол 4:13; 10:34, 35).

  • Чаро гуфтан мумкин аст, ки Шоҳидони Яҳува одамони оддиянд?

  • Бо омӯзиши Китоби Муқаддас ҳаёти Шоҳидони Яҳува чӣ тавр тағйир ёфт?