Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 39

Назари Худо ба хун

Назари Худо ба хун

Одам бе хун зиста наметавонад. Худо, ки Офаридгори одамизод аст, ҳақ дорад бигӯяд, ки хунро чӣ тавр истифода барем. Ӯ дар бораи хун дар Каломаш чӣ гуфтааст? Оё онро истеъмол намудан ё ба бадан гузарондан мумкин аст? Чӣ тавр шумо метавонед дар ин масъала қарорҳои дуруст бароред?

1. Назари Яҳува ба хун чӣ гуна аст?

Дар замонҳои қадим Яҳува ба халқи худ гуфта буд: «Ҳаёти ҳар ҷонзод дар хуни вай аст» (3 Мӯсо 17:14). Дар чашми Яҳува хун рамзи ҳаёт аст. Азбаски ҳаёт муқаддас аст, хун низ муқаддас мебошад.

2. Худо кадом тарзи истифодаи хунро манъ кардааст?

Яҳува дар Шариати Мӯсо ба халқаш фармуда буд, ки хунро нахӯранд. (1 Мӯсо 9:4 ва 3 Мӯсо 17:10-ро хонед.) Ӯ ин амрро дар асри як низ такрор кард. Он вақт ҳайати роҳбарикунанда ба пайравони Масеҳ дастур дод, ки «аз хун... парҳез» кунанд. (Корнома 15:28, 29-ро хонед.)

Аз хун парҳез кардан чӣ маъно дорад? Мисоле меорем: агар духтур ба шумо гӯяд, ки аз арақ парҳез кунед, шумо дигар арақ намехӯред. Лекин оё шумо чизҳоеро мехӯред, ки дар таркибашон арақ доранд, ё арақро бо сӯзандору ба рагҳоятон мегузаронед? Не, албатта. Ба ин монанд, амри Худо дар бораи парҳез кардан аз хун маънои онро дорад, ки мо набояд худи хун ё гӯштеро хӯрем, ки хунашро набаровардаанд. Ҳамчунин мо аз ҳар гуна хӯроке, ки хун дорад, даст мекашем.

Оё барои табобат истифода бурдани хун мумкин аст? Баъзе тарзҳои табобат қонуни Худоро рӯирост вайрон мекунанд. Ба ин гуна табобат гузарондани хуни холис ё қисмҳои асосии он, яъне эритроситҳо, лейкоситҳо, тромбоситҳо ва плазмаи хун, дохил мешавад. Дар бораи баъзеи дигар тарзҳои табобат бошад, аниқ гуфтан мумкин нест, ки онҳо бар зидди қонуни Худоянд. Масалан, баъзе амалиёти тиббӣ истифодаи ҷузъҳои хурдтари хун — фраксияҳои хунро, дар бар мегирад. Дар амалиёти дигари тиббӣ бошад, хуни худи одамро истифода мебаранд. Ҳангоми интихоби тарзи табобат ҳар кас бояд худаш қарор қабул кунад a (Ғалотиён 6:5).

БЕШТАР ФАҲМЕД

Дар бораи он фаҳмед, ки чӣ тавр дар мавриди табобат қарорҳои дуруст бароред.

3. Табобатеро интихоб кунед, ки ба Яҳува писанд меояд

Чӣ тавр шумо табобатеро интихоб карда метавонед, ки аз назари Худо равост? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас дида бароед, ки чаро ба кор бурдани маслиҳатҳои зер муҳим аст.

  • Аз Худо хирад пурсед (Яъқуб 1:5).

  • Аз Китоби Муқаддас маслиҳатҳои мувофиқро ёбед ва фаҳмед, ки чӣ тавр онҳоро ба кор бурда метавонед (Панднома 13:16).

  • Фаҳмед, ки дар маҳалли зистатон кадом тарзҳои табобат дастрасанд.

  • Аниқ кунед, ки ба кадом табобат розӣ намешавед.

  • Қароре бароред, ки оқибат виҷдонатон азоб надиҳад (Корнома 24:16) b.

  • Виҷдонатонро гӯш карда, худатон қарор қабул кунед. Ҳеҷ кас, на ҳамсар, на пири ҷамоат, на омӯзгоратон, набояд гӯяд, ки чӣ гуна қарор бароред (Румиён 14:12).

  • Қароратонро бинависед, то дигарон ҳам аз он хабардор бошанд.

4. Шоҳидони Яҳува роҳҳои беҳтарини табобатро меҷӯянд

Қонуни Худоро дар бораи хун риоя кардану ҳамзамон табобати хуб гирифтан имконпазир аст. ВИДЕОРО тамошо кунед.

Титус 3:2-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:

  • Чаро мо бояд бо духтурон ҳамкорӣ кунем ва бо онҳо хушмуомила бошем?

Нораво

Дар ихтиёри кас

А. Плазмаи хун

Фраксияҳои плазма

Б. Лейкоситҳо

Фраксияҳои лейкоситҳо

В. Тромбоситҳо

Фраксияҳои тромбоситҳо

Г. Эритроситҳо

Фраксияҳои эритроситҳо

 5. Қарор дар бораи истифода аз фраксияҳои хун

Хун аз чор қисми асосӣ — эритроситҳо, лейкоситҳо, тромбоситҳо ва плазма, иборат аст. Ин чор қисми асосӣ ҷузъҳои хурдтареро дар бар мегиранд, ки фраксияҳои хун c номида мешаванд. Баъзе фраксияҳои хун дар таркиби доруҳое мебошанд, ки барои мубориза бар зидди бемориҳо ва боздоштани хунравӣ истифода мешаванд.

Ҳар як масеҳӣ аз рӯйи дониш ва виҷдонаш қарор қабул мекунад, ки аз фраксияҳои хун истифода барад ё не. Баъзеҳо аз табобат бо фраксияҳои хун даст мекашанд, виҷдони дигарон бошад, мебардорад, ки ҳангоми табобат фраксияҳои хунро истифода баранд.

Ҳангоми қарор баровардан дар ин бора фикр кунед:

  • Чӣ хел ман ба духтур мефаҳмонам, ки чаро ба истифодаи ин ё он фраксияи хун розиям ё не?

БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Хун гузарондан чӣ бадӣ дорад?»

  • Шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед?

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Яҳува мехоҳад, ки мо хунро муқаддас ҳисобем.

Такрор

  • Чаро хун дар назари Яҳува муқаддас аст?

  • Аз куҷо мо медонем, ки амри Яҳува дар бораи аз хун парҳез кардан хун нагузаронданро низ дар назар дорад?

  • Чӣ тавр дар мавриди истифодаи хун қарорҳои дуруст бароварда метавонед?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Чиро ба назар гирифта, қарор бароварда метавонед, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ё амалиёти тиббии дигар аз хуни худ истифода мебаред ё не.

«Саволҳои хонандагон» («Бурҷи дидбонӣ», 15 октябри с. 2000)

Чӣ тавр қарор кунед, ки фраксияҳои хунро истифода мебаред ё аз онҳо даст мекашед?

«Саволҳои хонандагон» («Бурҷи дидбонӣ», 15 июни с. 2004)

Чаро духтуре бовар ҳосил кард, ки назари Яҳува ба хун бохирадона аст?

«Ман фаҳмидам, ки назари Худо ба хун дуруст аст» («Бедор шавед!», 8 декабри с. 2003)

Фаҳмед, ки чӣ тавр пироне, ки дар Кумитаи кор бо беморхонаҳо хизмат мекунанд, бародару хоҳаронро дастгирӣ мекунанд.

«Яҳува мададгори беморон аст» (10:23)

a Нигаред ба дарси 35 — «Чӣ тавр қарорҳои дуруст барорем?»

b Нигаред ба  банди 5 — «Қарор дар бораи истифода аз фраксияҳои хун», ва Замимаи 3 — «Амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун».

c Баъзе духтурон чор қисми асосии хунро низ фраксияҳои хун меноманд. Аз ин рӯ шумо бояд ба онҳо фаҳмонед, ки ҳам аз гузарондани хуни холис ва ҳам аз эритроситҳо, лейкоситҳо, тромбоситҳо ва плазма даст мекашед.