Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бемориҳои равонӣ — мушкилоти оламгир

Бемориҳои равонӣ — мушкилоти оламгир

«Ягон сабаб набошад ҳам, таги дилам доимо сиёҳ аст».

«Вақте ман худро беҳад хурсанд ҳис мекунам, зиқ мешавам, чунки дилам гувоҳӣ медиҳад, ки баъди ин хел хурсандӣ табъам ҳатман хира мешавад».

«Ман ҳаракат мекунам, ки ғами фардоро нахӯрам, лекин баъзан яку якбора дар бораи ҳама чиз ғам хӯрдан мегирам».

Ин суханони нафароне мебошанд, ки бо бемории равонӣ мубориза мебаранд. Оё чунин ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Ё, шояд, ягон шахси наздикатон бо он рӯ ба рӯ шудааст?

Агар ҳа, дилпур бошед, ки шумо танҳо нестед. Имрӯз бисёр одамон ё худашон аз бемории равонӣ азоб мекашанд ё дӯст ва хешу таборашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем, ки сабаби бемориҳои гуногуни равонӣ мешаванд ва ин ба саломатии рӯҳиву равонии одам бетаъсир намемонад (2 Тимотиюс 3:1). Мувофиқи як тадқиқот дар тамоми ҷаҳон аз байни ҳашт нафар тахминан як нафар ба ин ё он намуди бемории равонӣ гирифтор аст. Соли 2020 дар натиҷаи вабои оламгири COVID-19 шумораи касоне, ки аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашанд, тахминан 26 фоиз зиёд шуд ва шумораи касоне, ки ба бемории депрессия гирифторанд, 28 фоиз афзуд.

Албатта, донистани он ки чӣ қадар одамон аз ҳисси хавотирӣ ва депрессия азоб мекашанд, муҳим аст. Вале фаҳмидани ҳиссиёти худ ва наздиконамон аз ин ҳам муҳимтар мебошад.

Саломатии равонӣ чист?

Одаме, ки аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ солиму бардам аст, корҳои ҳаррӯзаро бо майлу хоҳиши зиёд иҷро менамояд. Ӯ аз уҳдаи вазифаҳои ҳаррӯзааш хуб мебарояд, ба ҳар гуна фишор тоб меорад ва аз ҳаёт хурсандӣ мегирад.

Бемории равонӣ...

  • натиҷаи сустиҳои шахс нест.

  • бемориест, ки одамро парешонҳол месозад ва ба тарзи фикрронӣ, рафтор ва ҳолати равонияш таъсири манфӣ мерасонад.

  • бисёр вақт ба шахс халал мерасонад, ки бо одамони гирду атроф муносибати нағз дошта бошад ва ҳаёти муқаррариро ба сар барад.

  • метавонад дар ҳар инсон, новобаста ба синну сол, маданият, миллату нажод, дин, маълумотнокӣ ва сатҳи даромад пайдо шавад.

Кумак ба касоне, ки бемории равонӣ доранд

Баъзан феълу атвори шахс ногаҳон дигар шуда метавонад. Ӯ аз ҳад бисёр хоб меравад ё бехобӣ мекашад, аз пештара бисёртар ё камтар хӯрок мехӯрад ва ё ташвишу хавотирӣ ҳис карда рӯҳафтода мешавад. Агар шумо дар худ ва наздикатон чунин нишонаҳоро пай баред, ба духтур муроҷиат кунед, то ки ӯ сабаби ин дигаргуниҳоро фаҳмида, муолиҷа кунад.

Хирадмандтарин марди ҳама давру замон, ҳазрати Исо, гуфта буд: «На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд» (Матто 9:12). Табобати тиббӣ ва доруҳои лозима барои камтар кардани нишонаҳои беморӣ ва аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан ёрдам мекунанд. Агар нишонаҳои беморӣ ҷиддӣ ва тӯлонӣ бошанд, аз рӯйи хирад мебуд, ки чунин нафарон табобатро ба қафо напартоянд a.

Албатта, Китоби Муқаддас — маълумотномаи тиббӣ нест. Аммо маслиҳатҳои он ба саломатии равонӣ таъсири хуб расонда метавонанд. Дар ин бора аз мақолаи навбатӣ бештар фаҳмида метавонед.

a Маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ин ё он намуди табобатро тарафдорӣ намекунад. Ҳар як кас бояд худаш ин масъаларо ҳаматарафа дида баромада қарор барорад.