Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ояндаи шумо дар асл ба чӣ вобаста аст?

Ояндаи шумо дар асл ба чӣ вобаста аст?

Бисёр одамон бовар доранд, ки кадом қувваҳои ноаёне ба ояндаи онҳо таъсир мерасонанд. Бинобар ин барои беҳтар гардондани ояндаи худ онҳо ба баъзе корҳо даст мезананд.

КАДОМ КОРҲО?

СИТОРАШИНОСӢ: Баъзеҳо бовар доранд, ки ояндаи инсон ба он вобаста аст, ки ҳангоми таваллуд шуданаш ситораҳои осмон дар кадом тартиб ҷойгир буданд. Аз ин рӯ барои худро аз хатарҳои оянда эмин доштан ё комёб гаштан толеъ мебинанд.

ФОЛБИНӢ: Ба ақидаи баъзеҳо назди фолбин равӣ, ӯ мегӯяд, ки барои чӣ ин ё он чиз ба сарат омадааст ва бояд чӣ кор кунӣ. Онҳо бовар доранд, ки агар сабаби рӯйдодро фаҳмӣ, роҳи ҳаллашро ёфта муваффақ мегардӣ.

ПАРАСТИШИ АҶДОДОН: Инчунин ҳастанд онҳое, ки ба ақидаашон барои худро муҳофизат намудан ё соҳиби баракат гаштан розигии гузаштагон ё як қатор худоёнро ба даст овардан лозим. Вэн, ки аз Ветнам аст, мегӯяд: «Ман бовар доштам, ки агар розигии гузаштагонро ба даст орам, ҳаётам беҳтар мегардад ва ба аҳли хонаводаам ояндаи дурахшонро муҳайё мегардонам».

РЕИНКАРНАТСИЯ: Бисёр одамон ихлос доранд, ки баъд аз марг инсон боз таваллуд мешавад ва ҳамин хел ҳаёташ гаштаю баргашта давом меёбад. Ба ақидаи онҳо ҳар неку баде, ки бо онҳо рӯй медиҳад, ба он вобаста аст, ки дар ҳаёти пешинаашон чӣ кор мекарданд.

Ногуфта намонад, ки бисёр одамон чунин ақидаҳоро ҳурофотпарастӣ меҳисобанд. Вале ҳамзамон ба фолбинӣ, илму амал ва дигар корҳо даст мезананд. Онҳо «аз карнайчӣ як пуф» гуфта, ин корҳоро бо нияти фаҳмидани ояндаашон мекунанд.

ОЁ ИН МАШҒУЛИЯТҲО, ДАР АСЛ, БА ОДАМОН КУМАК МЕКУНАНД?

Оё касоне, ки ба ин корҳо даст мезананд, соҳиби ҳаёти осуда ва ояндаи дурахшон гаштаанд?

Бинед Ҳау ном марди ветнамӣ чӣ мегӯяд. Пеш ӯ аз ситорашиносӣ, фолбинӣ ва парастиши аҷдодон роҳнамоӣ меҷуст. Оё ӯ комёбӣ ба даст овард? Ҳау мегӯяд: «Ман бе як тин мондам, қарздор шудам. Дар оилаам душвориҳо пайдо шуданд. Асабҳоям бошанд, хароб гаштанд».

Чоменг, ки аз давлати Тайван мебошад, инчунин ба ситорашиносӣ, реинкарнатсия, толеънома, фолбинӣ ва ибодати аҷдодон ихлос дошт. Вале баъд аз тадқиқ кардани ин гуна мавзӯъҳо ӯ ба хулоса омад: «Ман дарк намудам, ки чунин таълимот ва урфу одатҳо дар асл ба ҳамдигар муқобил буда сари одамро гаранг мекунанд». Масалан, пешгӯйие, ки ситорашиносон мекунанд, аксар вақт хато мебарояд. Дар мавриди таълимоти реинкарнатсия бошад, ба хулоса омадам, ки агар ҳаёти пешинаи шахс дар ёдаш набошад, пас, чӣ тавр ӯ дар ҳаёти наваш ислоҳ шуда хушбахтӣ ба даст оварда метавонад?»

«Ман дарк намудам, ки чунин таълимот ва урфу одатҳо дар асл ба ҳамдигар муқобил буда сари одамро гаранг мекунанд» (ЧОМЕНГ, ТАЙВАН).

Чи хеле ки Чоменг, Ҳау ва дигарон фаҳмиданд, ояндаи мо ба толеъ, ситорашиносӣ, парастиши аҷдодон ва реинкарнатсия вобаста нест. Пас, магар мо ояндаамонро дигар карда наметавонем?

Бисёр одамон фикр мекунанд, ки барои ояндаи дурахшон доштан маълумоти олӣ ва пули бисёр даркор. Онҳое, ки аз пайи ин чизҳоянд, магар комёбӣ ба даст меоранд?

^ сарх. 16 Ин суханон аз Китоби Муқаддас, аз Ғалотиён 6:7, гирифта шудаанд. Фикри ба ин монанд дар ҳикмати шарқие омадааст: «Харбуза шинонӣ харбуза мегирӣ, ғаладона шинонӣ ғаладона».