Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Чаро Исо пеш аз он ки Лаъзорро эҳё кунад, чӣ тавре ки дар Юҳанно 11:35 гуфта шудааст, гиря кард?

Вақте шахси наздикамон аз дунё чашм мепӯшад, мо ашки худро боздошта наметавонем, зеро ҳис мекунем, ки вай дар байни мо нест. Ҳарчанд Исо Лаъзорро дӯст медошт, лекин ӯ на аз барои мурдани Лаъзор гиря кард. Ӯ аз он сабаб ашк рехт, ки дарди аъзои оила ва дӯстони Лаъзорро ҳис кард, чуноне ки аз боби 11-и китоби Юҳанно пай бурдан мумкин аст (Юҳ. 11:36).

Вақте Исо бори аввал шунид, ки Лаъзор бемор аст, ӯ барои шифо додани дӯсташ нашитофт. Дар ин бора чунин гуфта шудааст: «Чун [Исо] шунид, ки вай бемор аст, дар ҷое ки буд, ду рӯз монд» (Юҳ. 11:6). Чаро Исо чунин кард? Ӯ мақсади муайяне дошт. Вай гуфт: «Ин касалӣ барои мамот нест, балки барои ҷалоли Худост, то ки Писари Худо ба василаи он ҷалол ёбад» (Юҳ. 11:4). Исо ният дошт, ки марги Лаъзорро «барои ҷалоли Худо» истифода барад. Чӣ тавр? Исо мехост, ки дӯсти наздикашро эҳё карда, мӯъҷизаи таъсирбахше нишон диҳад.

Дар сӯҳбат бо пайравонаш Исо маргро бо хоб монанд кард. Барои ҳамин ӯ ба онҳо гуфт, ки «меравам, то ки вайро [Лаъзорро] бедор кунам» (Юҳ. 11:11). Барои Исо Лаъзорро аз марг бархезондан мисли он буд, ки падар ё модар кӯдакашро аз хоб бедор мекунад. Бинобар ин марги Лаъзор сабаби ғаму дарди Исо набуд.

Пас, чӣ Исоро водор кард, ки гиря кунад? Боз ҳам китоби Юҳанно ба ин ҷавоб медиҳад. Вақте Исо хоҳари Лаъзор, Марямро вохӯрд ва дид, ки ӯ ва дигарон гиря мекунанд, «аз дил оҳи аламноке кашид ва музтариб шуд». Ғами онҳоро дида, Исо дардро ҳис кард ва оҳи сард кашид. Маҳз ҳамин сабаби гиря кардани Исо буд. Мусибати сахти дӯстони азизаш Исоро бениҳоят андӯҳгин сохт (Юҳ. 11:33, 35).

Ин нақл нишон медиҳад, ки Исо қудрат ва қобилият дорад, ки дар оянда наздиконамонро ба ҳаёт баргардонад ва ба онҳо саломатии комил бахшад. Ҳамчунин донистани ин воқеа ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳамдард будани Исоро нисбати онҳое ки наздиконашонро аз даст додаанд, қадр кунем. Дарси дигаре, ки аз воқеаи эҳёшавии Лаъзор меомӯзем, он аст, ки мо низ бояд ба онҳое ки аз сабаби марги наздиконашон мусибатзадаанд, ҳамдардӣ зоҳир кунем.

Исо медонист, ки ба наздикӣ Лаъзорро эҳё мекунад. Вале ба ин нигоҳ накарда ӯ гиря кард, зеро ба дӯстонаш муҳаббати чуқур ва ҳисси ҳамдардӣ дошт. Ба монанди ин ҳамдард будан моро низ бармеангезад, ки «бо гирякунандагон гиря [кунем]» (Рум. 12:15). Зоҳир кардани ғаму андӯҳ нишонаи он нест, ки шахс ба эҳёшавӣ имон надорад. Пас, гарчанд Исо Лаъзорро эҳё карданӣ буд, ӯ ба дӯстонаш ҳамдардӣ зоҳир карда, самимона гиря кард ва бо ин ба пайравонаш намуна гузошт.