Гузаштан ба маводи асосӣ

Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед

Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед

Оё гуноҳҳоямон бахшида мешаванд?

Розигии Худоро ба даст овардан чандон душвор нест

Чи хеле дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, тамоми одамизод гунаҳкор аст. Ҳамаи мо ба гуноҳ кардан моилем ва ин майли модарзодро аз инсони аввалин, Одам, мерос гирифтаем. Барои ҳамин мо баъзан ба корҳои бад даст мезанем ва баъд, шояд ки, аз кори кардаамон пушаймон мешавем. Хушбахтона, бахшоиши гуноҳҳоямон имконпазир аст, зеро ҳазрати Исо бо хости Худо ҷонашро барои гуноҳҳои мо товон дод. Ин товон туҳфаи бебаҳои Худост. (Румиён 3:23, 24-ро хонед.)

Баъзе одамон, ки гуноҳи вазнин кардаанд, фаҳмидан мехоҳанд, ки Худо онҳоро мебахшад ё не. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «хуни Писараш Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад» (1 Юҳанно 1:7). Агар мо самимона тавба кунем, Яҳува тайёр аст ҳатто гуноҳи бадтаринро бахшад. (Ишаъё 1:18-ро хонед.)

Барои бахшида шудани гуноҳҳоямон бояд чӣ кор кунем?

Барои он ки Яҳува Худо моро бахшад, мо бояд дар бораи ӯ дониш гирем ва аз маслиҳату талабҳояш бохабар шавем (Юҳанно 17:3). Яҳува шахсонеро, ки аз корҳои бадашон пушаймон шуда, дар пайи ислоҳи худ мебошанд, бо ҷону дил мебахшад. (Корнома 3:19-ро хонед.)

Розигии Худоро ба даст овардан чандон душвор нест. Яҳува Худои пур аз раҳму шафқат аст, ӯ мефаҳмад, ки мо бекамбудӣ нестем ва дурусткорӣ ба мо осон намеафтад. Магар меҳру вафои ӯ шуморо водор намекунад, ки дар бораи ба даст овардани розигии ӯ бештар фаҳмед? (Забур 103:13, 14-ро хонед.)