Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Military equipment: Anton Petrus/Moment via Getty Images; money: Wara1982/iStock via Getty Images Plus

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Оё «хароҷоти» ҷанг танҳо триллионҳо доллар аст?

Оё «хароҷоти» ҷанг танҳо триллионҳо доллар аст?

 «Хароҷоти» ҷанг хеле зиёд шудааст.

  •   «Соли гузашта ҳукуматдорони ҷаҳон барои амалиёти ҷанг 2,2 триллион доллар сарф карданд. То ин дам барои ҷанг ин қадар маблағи зиёд харҷ нашуда буд» («Вашингтон пост», 13 феврали 2024).

 Дар ҷангҳо танҳо маблағи зиёд сарф нашудааст, «хароҷоти» он хеле гаронтар аст. Биёед инро дар мисоли ҷанги Украина бинем:

  •   Сарбозон. Коршиносон мегӯянд, ки дар ҷанге, ки ду сол пеш оғоз ёфт, қариб 500 000 сарбоз кушта шуд ё захмӣ гардид.

  •   Шаҳрвандон. Мувофиқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар ҷанг зиёда аз 28 000 шаҳрванд кушта шуд ё ҷароҳат бардошт. Аммо як шахси олимансаби СММ мегӯяд, ки «қурбониёни ин ҷанги харобиоварро шуморидан ғайриимкон аст» a.

 Ҷангу низоъҳо ба одамони тамоми дунё ранҷу азоби зиёд меорад.

  •   114 миллион нафар то моҳи сентябри соли 2023 аз ҷангу зӯроварӣ хонаву дари худро тарк карданд.

  •   783 миллион нафар аз хӯрок танқисӣ мекашанд. Носозгориву низоъҳо чун ҳарвақта сабаби асосии гушнагӣ дониста мешаванд, чунки 70 фоизи гуруснагони ҷаҳон дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷангу зӯроварӣ зарар дидаанд» (Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ).

 Кай ҷангҳо бас мешаванд? Оё аз сулҳу амонӣ бӯйи умеде ҳаст? Оё рӯзе мерасад, ки одамон дар сериву пурӣ зиндагӣ кунанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Воқеияти талх

 Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар саросари дунё ҷангҳо рӯй медиҳанд ва онҳоро ҳамчун савори асп тасвир мекунад.

  •   «Он гоҳ аспи дигаре берун омад, ки сурх буд. Ба савори он иҷозат дода шуд, ки сулҳу осоиштагиро аз замин бигирад, то одамон якдигарро бикушанд. Ба он савора шамшери калоне дода шуд» (Ошкорсозӣ 6:4).

 Аз паси ин савори рамзӣ ду савори дигар меоянд. Онҳо гушнагӣ ва маргро тасвир мекунанд, ки аз вабою дигар балоҳо сар мезананд (Ошкорсозӣ 6:5–8). Агар дар бораи ин пешгӯйӣ ва иҷрошавии он маълумоти бештар гирифтан хоҳед, мақолаи «Чор савора кистанд?»-ро хонед.

Ояндаи орому осуда

 Ба наздикӣ сарватҳои замин дигар барои ҷанг сарф намешаванд. Оё дар ин кор одамон ҳиссагузор мешаванд? Не, Китоби Муқаддас чунин мегӯяд:

  •   «Ӯ [Худо] ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9).

  •   Худо оқибати даҳшатноки ҷангро аз байн мебарад. «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:4).

  •   Ӯ дар тамоми ҷаҳон сулҳу осоиштагиро пойдор месозад. «Халқи ман дар макони ором, дар манзилҳои бехатар ва ҷойҳои тинҷ, зиндагӣ хоҳад кард» (Ишаъё 32:18).

 Мувофиқи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ҷанг ва дигар рӯйдодҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки мо дар остонаи сулҳу осоиштагии ваъдагӣ истодаем.

 Чӣ тавр дар оянда Худо сулҳу осоиштагиро пойдор месозад? Ӯ ин корро ба воситаи Подшоҳии осмонияш мекунад (Матто 6:10). Ин чӣ гуна Подшоҳӣ аст ва барои одамизод чӣ кор мекунад? Видеонавори кӯтоҳро, ки «Подшоҳии Худо чист?» ном дорад, тамошо карда, ба ин савол ҷавоб ёбед.

a Мирослав Енча, ёвари котиби генералии СММ оид ба Аврупо (6 декабри 2023).