Гузаштан ба маводи асосӣ

Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?

Китоби Муқаддас дар бораи саховатмандӣ чӣ мегӯяд?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Китоби Муқаддас ба мо маслиҳат медиҳад, ки бо хоҳиши худ ва бо дилу нияти нек саховатмандӣ нишон диҳем. Чунин саховатмандӣ ҳам бар фоидаи шахси сахӣ асту ҳам бар фоидаи дигарон (Масалҳо 11:25; Луқо 6:38). Ҳазрати Исо гуфтааст: «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35).

 Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд меояд?

Худо мехоҳад, ки мо аз таҳти дил саховатмандӣ зоҳир кунем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Бигзор ҳар кас чи тавре ки дар дили худ қарор кардааст, амал кунад, на бо дили нохоҳам ё аз маҷбурӣ, зеро Худо он касеро дӯст медорад, ки бо хурсандӣ медиҳад» (2 Қӯринтиён 9:7).

Дасткушод будан ба пайравони «ибодати пок» хос аст (Яъқуб 1:27). Шахси хайрхоҳе, ки дасти мӯҳтоҷонро мегирад, хости Худоро иҷро мекунад ва бо ин кораш гӯё ба Худо қарз медиҳад (Масалҳо 19:17). Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки Худо худаш бар ивази некиҳои ӯ подош медиҳад (Луқо 14:12–14).

 Дар кадом маврид саховатмандӣ ба Худо писанд намеояд?

Агар шахс бо нияти нодуруст некӣ кунад. Масалан:

Агар шахс барои корҳое, ки ба Худо писанд нестанд, хайр кунад. Масалан, барои қиморбозӣ, нашъа ё истеъмоли бемеъёри нӯшокиҳои спиртӣ ба кас пул додан нодуруст аст (1 Қӯринтиён 6:9, 10; 2 Қӯринтиён 7:1). Инчунин ба касе, ки имконияти худро таъмин кардан дораду лекин кор кардан намехоҳад, хайру саховат кардан чандон дуруст нест (2 Таслӯникиён 3:10).

Агар шахс бар зарари оилааш саховатмандӣ зоҳир кунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки сардори оила бояд ба аҳли оилааш ғамхорӣ кунад (1 Тимотиюс 5:8). Агар дасткушодии сардори оила бар зарари хонаводааш бошад, ин нодуруст аст. Боре Ҳазрати Исо шахсонеро ҳукм кард, ки ба ҷои волидони пиронсолашонро дастгирӣ намудан, баҳона мекарданд, ки дороияшон «ҳадияи ба Худо бахшидашуда аст» (Марқӯс 7:9–13).