Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё ба ягон ташкилоти динӣ тааллуқ доштан шарт аст?

Оё ба ягон ташкилоти динӣ тааллуқ доштан шарт аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

Бале. Худо мехоҳад, ки одамон ӯро якҷоя ибодат кунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Биёед дар фикри ҳам бошем, то якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем... аз ҷамъомадҳоямон намонем» (Ибриён 10:24, 25).

Ҳазрати Исо медонист, ки пайравони ӯ ҷамъ шуда, Худоро якҷоя ибодат мекунанд. Аз ин рӯ ӯ гуфт: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 13:35). Муҳаббати шогирдони Масеҳ пеш аз ҳама ҳангоми муошират бо ҳамимононашон бояд маълум мешуд. Ба онҳо лозим буд, ки вохӯриҳо ташкил дода барои ибодат пайваста ҷамъ шаванд (1 Қӯринтиён 16:19). Дар якҷоягӣ онҳо бояд бародарияти умумиҷаҳониро ташкил медоданд (1 Петрус 2:17).

Танҳо ба ягон дин тааллуқ доштан кофӣ нест

Мувофиқи Китоби Муқаддас одамон бояд якҷоя ҷамъ шуда, Худоро ибодат кунанд. Лекин барои розигии Худоро ба даст овардан ин кифоя нест. Дин бояд ба ҳаёти ҳаррӯзаи шахс таъсир расонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дини поку беолоиш дар назари Падарамон Худо ин аст, ки ба ятимону бевазанони дармонда ғамхорӣ кунем ва худро ба ин ҷаҳон олуда насозем» (Яъқуб 1:27, эзоҳ).