Гузаштан ба маводи асосӣ

Асосгузори ташкилоти Шоҳидони Яҳува кист?

Асосгузори ташкилоти Шоҳидони Яҳува кист?

Таърихи ташкилоти ҳозираи Шоҳидони Яҳува аз охири асри 19 сарчашма мегирад. Дар он вақтҳо гурӯҳи хурдакаки тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки дар наздикии Питсбург, иёлоти Пенсилванияи Амрико зиндагӣ мекарданд, ба омӯзиши Каломи Худо сар карда онро мунтазам тадқиқ менамуданд. Онҳо таълимоти калисоро бо таълимоти аслии Китоби Муқаддас муқоиса карда натиҷаи тадқиқоти худро дар газетаю китобҳо чоп менамуданд. Ҳамчунин маҷаллаеро нашр мекарданд, ки имрӯз «Бурҷи дидбонӣ — хабаррасони Салтанати Яҳува» ном дорад.

Дар байни ин тадқиқотчиёни самимӣ марде бо номи Чарлз Тейз Расселл буд. Ҳарчанд он вақт Расселл паҳнкунии таълимоти Китоби Муқаддасро ба ӯҳда гирифт ва аввалин роҳбари маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» буд, лекин ӯ ба ягон дини нав асос нагузошт. Мақсади Расселл ва ҳамроҳонаш, ки он вақт тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ном доштанд, паҳн намудани таълимоти ҳазрати Исо ва пайравӣ кардан ба намунаи ҷамъомади масеҳиёни асри як буд. Азбаски асосгузори дини масеҳӣ ҳазрати Исо мебошад, мо ӯро барпокунандаи ташкилоти худ меҳисобем (Қӯлассиён 1:18–20).