Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Шоҳидони Яҳува оилаҳоро вайрон мекунанд?

Оё Шоҳидони Яҳува оилаҳоро вайрон мекунанд?

 Мо, Шоҳидони Яҳува, ҳаракат мекунем, ки оилаи худ ва наздиконамонро мустаҳкам нигоҳ дорем. Мо Худоро чун асосгузори оила мешуморем (Ҳастӣ 2:21–24; Эфсӯсиён 3:14, 15). Дар Китоби Муқаддас принсипҳое оварда шудаанд, ки ба одамони тамоми дунё кӯмак мерасонанд, то оилаи хушбахт ва мустаҳкам дошта бошанд.

Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува оилаҳоро мустаҳкам месозанд?

 Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то аз рӯи маслиҳати Китоби Муқаддас зиндагӣ карда шавҳар, зан ва падару модари хуб шавем (Масалҳо 31:10–31; Эфсӯсиён 5:22–6:4; 1 Тимотиюс 5:8). Хиради Каломи Худо ҳатто ба оилаҳое, ки якеашон пайравӣ дини дигар ҳастанд, кӯмак мекунад, ки хушбахт бошанд (1 Петрус 3:1, 2). Биёед фикри баъзе шахсонеро, ки ҳамсарашон Шоҳиди Яҳува нест, дида бароем:

  •   «Шаш соли аввали оиладоршавиамон ману занам доимо ҷангу ҷанҷол мекардем. Баъд аз он ки занам Ивети Шоҳиди Яҳува шуд, ӯ хислатҳои пуртоқатӣ ва меҳрубониро бештар зоҳир мекард. Ин ёрдам кард, ки пайванди оилаи мо мустаҳкам шавад» (Клауир, Бразилия).

  •   «Вақте шавҳарам Чанса бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, ман розӣ набудам, чунки фикр мекардам, ки онҳо оилаҳоро вайрон мекунанд. Лекин баъдтар фаҳмидам, ки Китоби Муқаддас барои мустаҳкам кардани оилаамон кӯмак кардааст» (Агнесс, Замбия).

 Дар хизмат мо ба одамон нишон медиҳем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба онҳо ёрдам карда метавонанд. Масалан ба саволҳои зерин:

  •   Чӣ тавр хирадмандона ҳамсар интихоб кардан мумкин аст?

  •   Чӣ тавр баъди оиладоршавӣ душвориҳои соли аввалро паси сар кардан мумкин аст?

  •   Чӣ тавр бо хусуру хушдоман забон ёфтан мумкин аст?

  •   Чӣ тавр пулро сарфакорона истифода барем?

  •   Чаро баҳс кардан нағз нест?

  •   Чӣ тавр бахшидани якдигарро ёд гирем?

  •   Чӣ тавр фарзандонамонро тарбия кунем?

Оё дигар кардани дин сабаби якдигарнофаҳмиҳо мегардад?

 Афсӯс ки баъзан ҳамин хел мешавад. Масалан, соли 1998 мувофиқи ҳисоботи ташкилоти Sofres аз 20 оилаҳое, ки яке аз ҳамсарон Шоҳиди Яҳува аст, якеаш бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад.

 Исо пешгӯӣ карда буд, ки пайравонаш бо душвориҳои оилавӣ рӯ ба рӯ мешаванд (Матто 10:32–36). Таърихшинос Вил Дюрант қайд намудааст, ки дар замони империяи Рум «масеҳиёнро дар вайрон кардани оилаҳо айбдор мекарданд» a. Имрӯз ҳам Шоҳидони Яҳуваро дар ҳамин чиз айбдор мекунанд. Оё ин гап дуруст аст?

Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон

 Вақте ки Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар қарори худро дар ин масъала баровард, гуфт, ки якдигарнофаҳмӣ асосан аз сабаби «эҳтиром накардани ҳуқуқу озодии аъзои оила дар интихоби дин ва онро пайравӣ карданаш» сар мезанад. Суд илова намуд: «Бо ин вазъият на танҳо оилаҳои Шоҳидони Яҳува, балки оилаҳое, ки яке аз ҳамсарашон пайрави дини дигар аст, рӯ ба рӯ мешаванд» b. Ҳарчанд Шоҳидони Яҳува бо зиддиятҳо рӯ ба рӯ шаванд ҳам, онҳо аз рӯи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас амал мекунанд: «Дар ивази бадӣ бадӣ накунед... Ба қадри имкон, то ҳадде ки аз шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон муросо кунед» (Румиён 12:17, 18).

Чаро Шоҳидони Яҳува танҳо бо ҳамимони худ оила барпо мекунанд?

 Шоҳидони Яҳува аз рӯи дастуроти Китоби Муқаддас амал мекунанд. Дар он гуфта шудааст, ки фақат бояд бо ҳамимони худ издивоҷ кард (1 Қӯринтиён 7:39). Ин маслиҳати Китоби Муқаддас фоидаовар аст. Масалан, соли 2010 дар маҷаллаи «Издивоҷ ва Оила» чунин гуфта шуда буд: «Оилаҳое, ки дину эътиқодашон як аст», одатан муносибаташон мустаҳкамтар мебошад c.

 Лекин аз ҳеҷ як Шоҳиди Яҳува талаб карда намешавад, ки аз ҳамсари Шоҳиди Яҳува набудааш ҷудо шавад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Агар яке аз бародарон зан дошта бошаду вай ҳамимон набошад, вале розӣ бошад, ки бо шавҳараш бимонад, бигзор ӯ занашро тарк накунад. Ё, агар зан шавҳар дошта бошаду вай ҳамимон набошад, вале розӣ бошад, ки бо занаш бимонад, бигзор ӯ шавҳарашро тарк накунад» (1 Қӯринтиён 7:12, 13). Шоҳидони Яҳува ба ин амр итоат мекунанд.

a Ба китоби «Цезарь и Христос (Қайсар ва Масеҳ)», Дюрант Вил, саҳ. 647 нигаред.

b Ба қарори Суди Аврупо оиди «Религиозная община Свидетелей Иеговы в г. Москве и другие против Российской Федерации», саҳ. 26, банди 111 нигаред.

c Ба маҷаллаи «Journal of Marriage and Family», августи 2010, ҷилди 72, № 4, саҳ. 963 нигаред.