Гузаштан ба маводи асосӣ

Чаро шумо салибро истифода намебаред?

Чаро шумо салибро истифода намебаред?

Ба ақидаи бисёр одамон салиб нишонаи дини масеҳӣ аст. Ҳарчанд мо Шоҳидони Яҳува масеҳӣ ҳастем, вале дар ибодатамон салибро истифода намебарем. Чаро?

Яке аз сабабаш он аст, ки мувофиқи Китоби Муқаддас Ҳазрати Исо на дар салиб, балки дар сутун мехкӯб шуда буд. Беш аз ин, Каломи Худо бо қатъият масеҳиёнро огоҳ мекунад, ки «аз бутпарастӣ» бигрезанд, яъне онҳо набояд салибро дар ибодаташон истифода баранд (1 Қӯринтиён 10:14; 1 Юҳанно 5:21).

Дар асл Ҳазрати Исо гуфта буд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 13:34, 35). Аз ин суханони Исо маълум мегардад, ки нишонаи фарқкунандаи пайравони ҳақиқии ӯ муҳаббати фидокорона аст, на салиб ё ягон тасвир.