Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДУВОЗДАҲ

Тарзе зиндагӣ кунед, ки писанди Худо бошад

Тарзе зиндагӣ кунед, ки писанди Худо бошад
  • Чӣ гуна шумо дӯсти Худо шуда метавонед?

  • Чаро саволи баҳсталаби Шайтон ба шумо низ дахолат дорад?

  • Ба кадом тарзи рафтор Яҳува нафрат дорад?

  • Чӣ тавр шумо метавонед тарзе зиндагӣ кунед, ки писанди Худо бошад?

1, 2. Инсонҳоеро намуна оред, ки Яҳува онҳоро чун дӯстони наздики худ қабул доштааст.

ЧӢ ГУНА инсонро шумо ба дӯстӣ интихоб мекунед? Эҳтимоли зиёд аст, ки хоҳони муошират бо касеро хоҳед буд, ки ҳамназару ҳамақидаи шумо бошад. Ва албатта ба он шахс фазилатҳое ба мисли меҳрубониву ростқавлӣ хос хоҳад буд.

2 Дар тӯли таърих буданд инсонҳое, ки Худо онҳоро ба дӯстии наздики худ қабул дошт. Дар байни онҳо Иброҳим–пайғамбар буд, ки Яҳува ӯро дӯсти худ номид. (Ишаъё 41:8 ва Яъқуб 2:23-ро хонед.) Худо Довудро «мувофиқи табъи дили Худ ёфт» (Аъмол 13:22). Дониёл–пайғамбар дар назари Худо шахси «дилхоҳ»–е буд (Дониёл 9:23).

3. Яҳува хоҳони дӯстӣ бо чӣ гуна шахсон аст?

3 Барои чӣ Яҳува Иброҳим, Довуд ва Дониёлро ба дӯстии Худ интихоб намуд? Масалан ба Иброҳим Ӯ чунин гуфт: «...барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳастӣ 22:18). Аз ин бармеояд, ки Яҳува бо онҳое наздикӣ мекунад, ки бо фурӯтанӣ гуфтаҳояшро ба ҷо меоранд. «Овози Маро бишнавед [«гӯш диҳед», ТДН],— гуфт Ӯ ба исроилиён,— ва Ман Худои шумо хоҳам буд ва шумо қавми Ман хоҳед буд» (Ирмиё 7:23). Агар шумо низ ба Яҳува итоат намоед, дари дӯстӣ бо Ӯ бароятон кушода хоҳад буд!

ЯҲУВА ДӮСТОНИ ХУДРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

4, 5. Яҳува Худо чӣ тавр ходимони худро тақвият медиҳад?

4 Андеша намоед, ки дӯстӣ бо Худо чӣ маънӣ дорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува имконият меҷӯяд, то «онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақоеънома 16:9). Шахсан шуморо Яҳува чӣ гуна тақвият дода метавонад? Яке аз роҳҳои он дар Забур 31:8 навишта шудааст: «Ман [Яҳува] туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст».

5 Чӣ изҳори дилгармкунандае, ки аз ғамхории Худо бармеояд! Ӯ на танҳо дастуроти лозимаро бар шумо медиҳад, балки дар иҷроиши он низ кӯмак менамояд. Худо мехоҳад, ки ба шумо барои тобоварӣ ба мушкиливу озмоишҳоятон ёрӣ диҳад. (Забур 54:23-ро хонед.) Бинобар ин, агар бо хоҳиши том ба Худо хидмат намоед, метавонед мисли ин забурнавис мӯътакид бошед: «Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид» (Забур 15:8; 62:9). Бале, Яҳува ба шумо барои ба тарзи ба Ӯ мақбул зиндагӣ карданатон кӯмак карда метавонад. Вале ҳамон тавре ки хабардоред, Худо душмане дорад, ки шуморо аз ин кор боздоштанист.

ДАЪВОИ ШАЙТОН

6. Шайтон инсонҳоро дар чӣ айбдор намуд?

6 Дар боби 11–и ин китоб шарҳ дода шуд, ки чӣ гуна Шайтон Иблис ҳокимияти Худоро зери шубҳа гузошт. Ӯ Яҳуваро дар дурӯғгӯӣ айбдор намуда, ишора кард, ки аз ҷониби Худо Одаму Ҳавворо аз имконияти мустақилона муайян кардани бадию некӣ маҳрум намудан беадолатист. Пас аз гуноҳи Одаму Ҳавво ва баъд аз он ки замин пур аз насли онҳо шуд, Шайтон садоқати тамоми инсонҳоро зери шубҳа гузошт. «Одамон ба Худо аз рӯи меҳр хидмат намекунанд,— изҳор кард Шайтон.— Агар имконият медоштам, ман ҳар як инсонро аз Худо дур карда метавонистам». Чунин фикрҳо доштани Шайтонро нақл дар бораи ҳаёти Айюб–пайғамбар тасдиқ менамояд. Кӣ будани Айюб–пайғамбар ва чӣ дахолате бар баҳси Шайтон доштанашро медонед?

7, 8. a) Айюб аз ҳамзамонони худ чӣ фарқ дошт? б) Чӣ тавр Шайтон мақсади ба Худо хидмат кардани Айюбро зери шубҳа гузошт?

7 Айюб тақрибан 3 600 сол пеш аз ин умр ба сар мебурд. Ӯ марди неке буд, ки ба чунин гуфтаҳои Яҳува сазовор гашт: «Мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест» (Айюб 1:8). Худо аз Айюб хеле розӣ буд.

8 Шайтон мақсади ба Худо хидмат кардани Айюбро зери шубҳа гузошт. Ӯ [Иблис] ба Яҳува чунин гуфт: «Оё Ту барои ӯ [Айюб] ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст. Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан,— Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод» (Айюб 1:10, 11).

9. Яҳува ба баҳси Шайтон чӣ гуна ҷавоб дод ва барои чӣ?

9 Ҳамин тавр, Шайтон даъво намуд, ки Айюб ба Яҳува тамаъкорона танҳо бо мақсади соҳиб шудан бар неъматҳои худодод хидмат менамояд. Ҳамчунин Иблис гуфт, ки агар Айюб мавриди озмоиш қарор гирад, аз Худо рӯ хоҳад тофт. Яҳува чӣ гуна ба ин даъвои Шайтон ҷавоб медиҳад? Азбаски баҳс дар бобати мақсаду садоқати Айюб буд, Яҳува ба Шайтон иҷозати озмудани Айюбро дод. Бо ин роҳ самимияти муҳаббати Айюб нисбати Худо бояд равшан мегашт.

АЙЮБ ОЗМУДА МЕШАВАД

10. Чӣ бадбахтиҳое бар сари Айюб омаданд ва муносибати вай ба ин рӯйдодҳо чӣ гуна буд?

10 Шайтон зуд бо роҳҳои гуногун ба озмудани Айюб сар кард. Аввалан, рамаҳои ӯ қисман дуздида ва қисман маҳв гаштанд. Пас аз ин аксарияти хидматгоронаш кушта шуданд. Айюб аз тамоми дороияш маҳрум гашт. Баъд фоҷиаи мудҳише рӯй дод; даҳ фарзанди Айюб дар гирдбоди тӯфон нобуд шуданд. ...Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, «Айюб хатое накард ва аз Худо шикоят нанамуд» (Айюб 1:22).

11. a) Шайтон боз дар чӣ Айюбро гунаҳкор кард ва Яҳува ба ин чӣ посух дод? б) Муносибати Айюб ба бемории пурдардаш чӣ гуна буд?

11 Аммо Шайтон ором нагашт. Шояд фикр кард, ки ҳарчанд Айюб ба маҳрумияти дороӣ, хидматгорон ва фарзандон тоб овард, агар мубталои беморӣ гардад, аз Худо рӯй хоҳад тофт. Яҳува изн дод, ки Шайтон ба сари Айюб бемории манфуру пурдарде оварда, зарбаи навбатӣ ба ӯ занад. Вале ҳатто аз ин рӯйдод имони Айюб ба Худо шикаст нахӯрд. Баръакс, ӯ бо қатъият гуфт: «То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (Айюб 27:5).

Худо Айюбро барои садоқату вафодорияш баракат дод

12. Рафтори Айюб чӣ гуна дурӯғ будани даъвои Шайтонро исбот намуд?

12 Айюб хабар надошт, ки дар фалокатҳои ба сараш омада Шайтон сабабгор аст. Ӯ ҷузъиёти саволи баҳсталабро намедонист ва боварӣ дошт, ки фоҷиаҳо бо хости Худо рӯй доданд (Айюб 6:4; 16:11–14). Вале дар ҳар сурат, ӯ ба Худо содиқ монд ва бо ин дурӯғ будани даъвои Шайтонро исбот намуд!

13. Натиҷаи ба Худо вафодор мондани Айюб чӣ гуна буд?

13 Садоқату вафодории Айюб ба Яҳува имконият дод, ки ҷавоби обдоре бар баҳси таҳқиромези Шайтон диҳад. Айюб дар ҳақиқат дӯсти Яҳува буд ва Худо ӯро барои вафодорияш баракат дод (Айюб 42:12–17).

ДАХОЛАТИ САВОЛИ БАҲСТАЛАБ БА ШУМО

14, 15. Чаро метавон гуфт, ки айбе ки Шайтон бар Айюб гузошт, ба ҳамаи одамон дахл дорад?

14 Саволи баҳсталабе, ки Шайтон оиди садоқату вафодорӣ ба Худо бардошт, танҳо ба Айюб дахолат надошт. Ин савол ба шумо низ дахл дорад. Инро гуфтаҳои дар Масалҳо 27:11 омадаи Яҳува бараъло нишон медиҳанд: «Эй писарам! Бохирад бош ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам». Ин суханон, ки садҳо сол пас аз марги Айюб навишта шудаанд, маълум менамоянд, ки Шайтон ҳанӯз ҳам Худоро бадгӯӣ ва ходимони Ӯро айбдор менамояд. Агар бо тарзи ба Худо писанд зиндагӣ намоем, ин ҷавобе хоҳад буд бар айбдоркуниҳои бардурӯғи Шайтон ва Яҳува аз ин мамнун мегардад. Шумо ба ин чӣ мегӯед? Магар иштирок дар фош кардани даъвоҳои бардурӯғи Шайтон кори бошараф нест, ҳатто агар барои ин дар ҳаётатон ба амал овардани баъзе дигаргуниҳо лозим ояд?

15 Ба гуфтаи Шайтон аҳамият бидиҳед: «Инсон барои наҷоти ҷони худ ҳозир аст ҳар чӣ дорад бидиҳад» (Айюб 2:4, ТТФ). «Инсон» гуфта, Шайтон нишон дод, ки айбдоркуниҳои вай на танҳо бар Айюб, балки ба ҳамаи инсонҳо дахолат дорад. Ин нуктаи муҳимест; Шайтон ба Худо содиқ будани шуморо зери шубҳа гузошт. Иблис мехоҳад беитоатии шуморо нисбати Худо ва ҳангоми душвориҳо аз роҳи рост баргаштанатонро бубинад. Чӣ гуна Шайтон ба ин мусоидат менамояд?

16. a) Шайтон кадом усулҳоро барои аз Худо дур кардани одамон ба кор мебарад? б) Чӣ гуна Иблис метавонад бар зидди шумо мубориза барад?

16 Ҳамон тавре ки дар боби 10 сӯҳбат карда будем, Шайтон барои аз Худо дур кардани одамон усулҳои гуногунеро ба кор мебарад. Аз як тараф вай [Иблис] «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8). Чунин ҳамлаҳои шермонанди Шайтон дар зиддияти дӯстон, хешу табор ё шахсони дигар ҳангоми пандҳои Китоби Муқаддасро омӯхтану ба кор бурдани шумо таҷассум меёбанд * (Юҳанно 15:19, 20). Аз тарафи дигар, Шайтон «шакли фариштаи нурро мегирад» (2 Қӯринтиён 11:14). Яъне дар ин ҳолат Иблис бо макру фиреб барои гумроҳ кардани шумо хоҳад кӯшид. Ғайр аз ин, ҳангоми рӯҳафтода буданатон Иблис метавонад фикре ба саратон оварад, ки шумо лоиқи хидмат ба Худо нестед (Масалҳо 24:10). Хоҳ чун «шери ғуррон», хоҳ чун «фариштаи нур» рафтор кунад, даъвои Шайтон як аст, яъне; “шумо ҳангоми дучори мушкилиҳо ё васвасаҳо шуданатон хидмат ба Худоро бас хоҳед кард”. Чӣ гуна шумо метавонед мисли Айюб ба ин айбдоркунии вай ҷавоб дода, нисбати Худо садоқати самимӣ доштанатонро собит намоед?

БАР АҲКОМИ ХУДО ИТОАТ КУНЕД

17. Моро барои иҷрои аҳкоми Худо бояд асосан чӣ барангезад?

17 Агар бо тарзи ба Худо маъқул зиндагӣ намоед, шумо бо ин ба даъвои Шайтон ҷавоб хоҳед дод. Барои ин чӣ бояд кард? Таврот чунин мегӯяд: «Ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор» (Такрори Шариат 6:5). Ҳар қадаре ки муҳаббати шумо ба Худо афзояд, ҳамон қадар хоҳиши иҷро кардани талабҳои Ӯ дар дилатон қавӣ хоҳад гашт. «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем»,— навиштааст Юҳаннои расул. Агар шумо Яҳуваро бо тамоми дили худ дӯст доред, иҷрои аҳкоми Ӯ бароятон гарон нахоҳад буд (1 Юҳанно 5:3).

18, 19. a) Баъзе аз аҳкоми Яҳува кадомҳоянд? (Ба ҷадвали « Аз аъмоле, ки Яҳува нафрат дорад, дурӣ ҷӯед» нигаред.) б) Аз куҷо медонем, ки талабҳои ба мо доштаи Худо аз ҳад зиёд нестанд?

18 Аҳкоми Яҳува чиро дар бар мегирад? Баъзе аз онҳо амрҳое, мебошанд, ки рафторҳои муайянеро манъ мекунанд. Масалан, ба ҷадвали « Аз аъмоле, ки Яҳува нафрат дорад, дурӣ ҷӯед» нигаред. Дар он шумо рӯйхати аъмолеро мебинед, ки Китоби Муқаддас ба таври равшан маҳкум менамояд. Аз назари аввал, шояд баъзе аз ин корҳо на он қадар бад намоянд. Аммо мулоҳиза дар бобати оятҳои аз Китоби Муқаддас дар ҷадвал овардашуда кӯмак мекунад, ки хиради дар қонунҳои Яҳува бударо дарк намоем. Эҳтимол ба амал овардани тағйироте, ки онҳо талаб менамоянд, бароятон осон набошад, ё ҳатто озмоиши бузурге гардад. Аммо ба ҳар сурат дар хотир доред, ки тарзи зиндагии ба Худо писанд хушбахтии ҳақиқӣ меоварад (Ишаъё 48:17, 18). Ва ин коре нест, ки карданаш амри маҳол бошад. Инро аз куҷо медонем?

19 Яҳува ҳеҷ гоҳ аз мо бештар аз тавоноиямон талаб намекунад. (Такрори Шариат 30:11–14-ро хонед.) Ӯ имкониятҳои ниҳонӣ ва маҳдудиятҳои моро хубтар аз мо медонад (Забур 102:14). Бештар аз ин, Яҳува қудрат дорад, ки моро барои гаштан дар роҳи рост қувват бахшад. Павлуси расул навиштааст: «Худо амин аст ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯринтиён 10:13). То ки шумо тоб оваред, Яҳува метавонад ҳатто қуввати бештар, яъне «бартарии қувват» ато намояд (2 Қӯринтиён 4:7). Баъд аз он ки Павлус озмоишҳои зиёдеро паси сар намуд, ӯ чунин гуфт: «Ба туфайли Оне, ки қувват мебахшадам, ҳама кор аз дастам меояд» (Филиппиён 4:13, ТДН).

ФАЗИЛАТҲОИ ИЛОҲИРО ДАР ХУД РИВОҶ ДИҲЕД

20. Чӣ гуна хусусиятҳои илоҳиро дар худ ривоҷ бояд дод ва чаро ин кор муҳим мебошад?

20 Албатта барои ба Худо писанд будан танҳо аз корҳое, ки Ӯ нафрат дорад, парҳез кардан кофӣ нест. Ғайр аз ин, бояд аъмолеро дӯст доред, ки Худо дӯст медорад (Румиён 12:9). Магар дӯстӣ бо онҳое, ки фикру ақида ва рағбатҳои ба шумо монандро доранд, бароятон хуш намеояд? Барои Худо низ ҳамин тавр аст. Аз ин рӯ, он чизҳоеро, ки барои Яҳува азизанд, дӯст бидоред. Баъзеи онҳо дар Забур 14:1, 5 тасвир шудаанд. Аз ин оятҳо бармеояд, ки чӣ тавр бо Худо дӯст шудан мумкин аст. (Забур 14:1–5-ро хонед.) Дӯстони Яҳува дорои хусусиятҳое ҳастанд, ки Китоби Муқаддас «самари рӯҳ» меномад. Хусусиятҳое ки «самари рӯҳ»-ро таркиб медиҳанд, инҳоянд: «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» (Ғалотиён 5:22, 23).

21. Дар инкишоф додани хусусиятҳои ба Худо маъқул чӣ бароятон кӯмак мекунад?

21 Мутолиаву омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас барои дар худ инкишоф додани хусусиятҳое, ки ба Яҳува писанданд, ба шумо кӯмак мерасонад. Ва омӯзиши талабҳои Худо бароятон ёрӣ хоҳад дод, ки фикру андешаҳоятонро ба фикрҳои Худо мувофиқу ҳамоҳанг гардонед (Ишаъё 30:20, 21). Ҳар қадаре ки муҳаббати шумо ба Яҳува қавӣ гардад, ҳамон қадар хоҳиши иҷро кардани иродаи Ӯ ва зиндагӣ намудан аз рӯи хости Ӯ дар дилатон бузургтар мешавад.

22. Ба ҷо овардани талабҳои Худо чӣ меоварад?

22 Барои зиндагӣ бо тарзе ки Худоро хуш меояд, ҷидду ҷаҳд дар талаб аст. Китоби Муқаддас тағйиротеро, ки инсон дар ҳаёти хеш ба амал меоварад, бо аз худ дур кардани одами кӯҳнаю дар бар кардани одами нав қиёс менамояд (Қӯлассиён 3:9, 10). Дар бобати аҳкоми Яҳува дар Забур омадааст: «дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст» (Забур 18:12). Шумо низ хоҳед дид, ки зиндагии мувофиқ ба талабҳои Худо дар ҳақиқат баракатҳои зиёде меорад. Бо роҳи худоҷӯёна рафта, шумо бар даъвои Шайтон ҷавоб хоҳед дод ва дили Яҳуваро хушнуд хоҳед кард!

^ сарх. 16 Ин маънои онро надорад, ки онҳое ки дар омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо мухолифат мекунанд, шахсан зери роҳбарии Шайтон ҳастанд. Вале дар ҳар сурат Шайтон худои ин тартиботи шарирона мебошад ва тамоми ин ҷаҳон зери ҳокимияти ӯст (2 Қӯринтиён 4:4; 1 Юҳанно 5:19). Аз ин рӯ, интизор метавон буд, ки зиндагии худописандонаи шуморо дар ин ҷаҳон қабул нахоҳанд дошт ва баъзеҳо дар ин кор бар шумо муқобилият хоҳанд кард.